Гулистон: ғолиби озмуни шаҳрии «Омӯзгори сол-2016» муайян шуд
Душанбе, 12.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Даври якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2016» дар шаҳри Гулистон ба анҷом расид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, дар давраи дуюми озмуни шаҳрӣ омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Ғолиби озмуни даври дуюм омӯзгори гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҳима Қодирова гардид.
Ҷойи дуюм насиби омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ № 8 Нилуфар Боева ва ҷойи сеюм насиби омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ № 7 гардид.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъолу беҳтарин барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар даври навбатии озмун шаҳри Гулистонро омӯзгори фанни математика Раҳима Қодирова муаррифӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






