Имрӯз дар Душанбе баландшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад
Душанбе, 1.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, рӯзона баландшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб аз 2 то 7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона аз 7 то 9 ва рӯзона аз 26 то 28 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво имрӯз дар вилояти Хатлон тағйирёбанда ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4 то 9 ва рӯзона аз 19 то 24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони майда пешгӯӣ мешавад. Суръати шамол аз самти ғарб аз 2 то 8 метр дар як сонияро ташкил медиҳад. Дар баландии 2500 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 9 то 14 дараҷа, рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борони суст дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +5, рӯзона аз 14 то 19 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 6 то 11, рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона аз 5 то 10, рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм мешавад. Дар баландии 3000 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






