Квон Ён У: «Корея шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст»
Душанбе, 22.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Корея ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар оянда ноил гаштан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар таманниёти нек дорад. Ман умедвор ҳастам, ки Корея дар ин ҷода яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд»,-иброз дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ пас аз супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Ён У.
Ба гуфти Квон Ён У, «Тоҷикистон ва Корея соли 1992 муносибатҳои дипломатиро барқарор намуданд, ки 25-солагии онро соли оянда таҷлил хоҳем кард. Ҷонибҳо дар тӯли ин солҳо ҳамкориро дар сатҳи олӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ба роҳ мондаанд. Вале дар ин ҷода ҳоло имкониятҳои истифоданашуда ниҳоят зиёд ҳастанд».
Сафири нави Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳад, то муносибатҳои аллакай мавҷуда байни ду кишвар боз ҳам қавӣ гарданд. Ӯ гуфт: «Ман дар тӯли фаъолияти худ мехостам ба тақвият бахшидани муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар эътибори хоса диҳам.
Инчунин мехостам ба тавсеаи муносибатҳои мубодилаи фарҳангӣ ва табодули таҷрибаву дониш байни мардумони кишварҳоямон диққати хоса диҳам, чунки итминон дорам пешравӣ дар ин соҳаҳо ба мо имкон медиҳад кӯшишҳои худро боз ҳам якҷоя ба харҷ дода, ба рушди аз ин ҳам бештар ноил гардем».








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






