Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2016 12:19

Душанбе, 25.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати адлия ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тасдиқ карда шуд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориш дод. Ҳамаи лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди муҳокима маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Оид ба Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2019-2020” ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 ва сатҳи миёнаи зиндагии аҳолӣ аз 22 фоизи соли 2015 то ба 30 фоиз дар соли 2020 бояд расонда шавад. Ҳамаи ин нишондодҳо бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна таҳия гардида, барои татбиқи он фаъолияти пурсамару якҷояи сохторҳои давлатӣ зарур аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи зарурӣ ва босифат дар амал татбиқ кардани нишондодҳои барномаи миёнамӯҳлати рушди ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда бо дарназардошти манфиати давлату миллат тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Баъди муҳокима Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ҳамчунин барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии сейсмикӣ” ирсол карда шуд.

“Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, Дар бораи барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон гузориши Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва Дар бораи тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои дисертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ, дотсент, профессор ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда гузориши Раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионӣ” Абдуҳаким Розиқзода шунида шуд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов раисони ин ноҳияҳо гузориш доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда, оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистонгузаронӣ ва иҷрои дигар тадбирҳо ба аъзои Ҳукумат ва шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ноябрь 25, 2016 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд