Муаррифии мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон тавассути видеороликҳои сайёҳӣ
Қӯрғонтеппа, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси волонтёрони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ва иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав намоиши видеоролики сайёҳии вилоят ва видеоролики сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ба роҳ монда шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, роликҳо аз ҷониби мутахассисони Раёсати мазкур дар ҳамкорӣ бо ҳайати эҷодии Раёсати телевизиони вилояти Хатлон омода гардидаанд.
Мақсади намоиши мазкур муаррифии мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилоят ва ба ин васила рушд додани туризми дохилӣ мебошад.
Тавре манбаъ хабар дод, намоиши чунин видеороликҳои сайёҳӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






