Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор
Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор пас аз ифтитоҳи Комбинати металлургии тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад, ҳамчунин ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Ҳисор ба ҳозирин ва кулли шаҳрвандони мамлакат муборакбод гуфтанд.
Оид ба анҷоми корҳои ободонию созандагӣ суханронӣ карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин тадбирҳо минбаъд низ ба хотири рушди иқтисодиёт, ободу зебо гардонидани сарзамин ва беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум вусъат дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки соли 2015 барои мардуми Ҳисор пурфайзу бобарор ва соли таърихӣ буд. Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори 3000 — солагии Ҳисори бостон ва баҳри мақоми шаҳрро соҳиб шудани Ҳисор корҳои муҳим, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ амалӣ гардид.
Имсол бошад, дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр иншооти нави таъиноти гуногун ба истифода дода шуд, ки дар иҷрои он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ватандӯсту бонанги шаҳри Ҳисорро назаррас маънидод карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ба фаъолият оғоз кардани корхонаи бузурги саноатии Комбинати металлургии тоҷик баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, торафт ободу пешрафта гардидани шаҳри Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоӣ ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин дар мулоқот бо сокинон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди босуръати соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар натиҷаи дастгирии доимии Ҳукумат соли 2015 бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ корхонаҳои саноатии мамлакат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро беш аз 11 фоиз афзоиш дода, ба маблағи қариб 12 миллиарду 200 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимияти нақшаву барномаҳо ва ҳадафҳои созанда Ҳукумати мамлакат вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки минбаъд ҳам тавассути воридоти технологияҳои муосир ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва тақвияти иқтидори содиротии кишварро таъмин намоянд.








Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд






