Натиҷагирӣ аз мавсими «Ҳаҷ-2016» дар ҳузури муовини Сарвазир

Ноябрь 4, 2016 17:30

Душанбе, 04.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои Комиссия оид ба ҷамъбасти мавсими «Ҳаҷ-2016» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Тавре таъкид шуд, бо мақсади шаффоф баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2016» рўзҳои 3 март, 11 апрел ва 12 августи соли 2016 ба ҳамин монанд ҷаласаҳои ситоди корӣ баргузор гардида, дар асоси дастуру супоришҳои протоколи ҷаласаи Комиссия, аз ҷумла муҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд, кўтоҳ карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати адои маносики ҳаҷ 6415 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар карда, ба онҳо аъзои гурўҳи корӣ, ҳайати табибон ва роҳбаладон хизмат расониданд.

Муовини Сарвазири мамлакат ҳангоми таҳлил ва ҷамъбасти мавсими “Ҳаҷ-2016” таъкид намуд, ки натиҷаи заҳматҳои пайвастаи гурўҳи корӣ буд, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи муносиб ва тибқи талабот ба роҳ мондани маносики ҳаҷ аз тарафи Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ, Муассисаи ҳоҷиёни Туркияву мусулмонони Осиёи Миёна ва Аврупо бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуд.

Дар ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳои дар давоми рўзҳои баргузории маносики “Ҳаҷ-2016”, аз ҷумла ҳолатҳои саривақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархўрдор набудани баъзе роҳбаладон, беэътиноӣ ва беэҳтиромӣ нисбати ҳамдигар дар маросими адои ҳаҷ ва беҳтар намудани сифати дўхти либос барои ҳаҷравандагон масъулони соҳа вазифадор карда шуданд.

Ноябрь 4, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад