Президенти Тоҷикистон: «Соли 2015 обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонид»

Ноябрь 29, 2016 08:10

30486059243_9f43ac9e7c_zДушанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд». Ин нуктаро дирӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити оби Будапешт иброз доштанд.
Дар ин асос мавқеъгирии ҳамгироёна нисбат ба масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар «Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025» дар назар дошта шудааст.
«Барномаи мазкур дар заминаи ду усули асосӣ: ҷудо кардани вазифаҳои сиёсӣ аз танзими фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ ва гузариш ба низоми идоракунии ҳавзавӣ таҳия гардидааст»,-зикр намуданд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Ноябрь 29, 2016 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад