Рӯнамоии «Ҳадафҳои рушди устувор ва UNDAF дар ҳалли афзалиятҳои миллии Тоҷикистон»
Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳии Кумитаи роҳбарикунанда оид ба натиҷаҳои Барномаи қолабии Созмони Милали Муттаҳид (UNDAF) бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва агентиҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод оғоз намуда, Лючия Элми, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон рӯнамо таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор ва UNDAF дар ҳалли афзалиятҳои миллии Тоҷикистон» ва Манучеҳр Раҳмонов, роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «UNDAF- татбиқ ва қадамҳои минбаъда» пешкаши ҳозирин намуданд.
Сипас, иштирокчиён роҷеъ ба баррасии Нақша оид ба мониторинг ва арзёбӣ, тақвим, инчунин нақшаи муштараки дусолаи корӣ аз рӯи шаш натиҷаи корро дар гурӯҳҳо идома доданд.








Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид






