Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид

Ноябрь 24, 2026 19:55

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам – саодати миллат» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита иттилоъ медиҳад, дар чорабинӣ раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли комил соҳиби арзишҳои муқаддаси миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ гардид, ки боиси ифтихор ва саодату сарбаландии ҳар як фарди соҳибватан мебошад.   

«Парчам ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ, пойдории давлату давлатдорӣ, истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ва  якпорчагии мамлакат шинохта шуда, яке аз рукнҳои муҳими соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад», — таъкид гардид зимни чорабинӣ.

Иброз гардид, ки халқи тоҷик аз қадимулайём соҳиби парчам буд. Ин далели қутратмандӣ, тавоноӣ, донишу маърифат  ва фарҳанги бою пурғановати ин миллати куҳанбунёд мебошад.

Гуфта шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 қабул гардида, ба рамзи устувории давлати соҳибистиқлол, рушду пешрафт, созандагию ободкорӣ ва саодати мардум табдил ёфтааст.

Тазаккур дода шуд, ки парчамдорӣ – ватандорист ва имрӯз мардуми бошарафи тоҷик зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳам омадаанд ва аз сафою саодати имрӯзи Ватан ва ҷилои рангҳои нурафшони Парчами давлати худ ифтихор мекунанд. Ватани азизи худро дӯст медоранд  ва ба ҳама муқаддасоташ арҷ мегузоранд ва чун гавҳараки чашм ҳифзашон мекунанд.

Ёдоварӣ гардид, ки Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои муҳими рушди давлатдориро паси сар намуда, зери Парчами саодатовараш пояҳои сохти конститутсионӣ ва  давлатдориро таҳким бахшид ва дар мамлакат сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмин  заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат фароҳам овард.

Таъкид гардид, ки барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳои олӣ  саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари оқил ва хирадманду дурандеш  дар ташаккули низоми муосири давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот,ваҳдати миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барҷаста таҷассум ёфтааст.


АКС:
Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2026 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид