Руқия Қурбонова, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ: «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат аст!»

Ноябрь 16, 2016 09:43

rukiya-kurbonova-4Душанбе, 16.11.2016./АМИТ “Ховар”/. Интиҳои садсолаи гузашта ва ибтидои ҳазорсолаи нав қисмат мардуми сарбаланду кўҳанбунёди тоҷикро ба сабақҳои сангини таърихӣ дучор кард. Бо амри таърих баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати  ранҷбурда ва ҷафодидаи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 арзишмандтарин ва волотарин неъмат – Истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Агарчанде касби соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси ин сарзамини аҷдодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ буд, вале ҳодисаву воқеаҳо ва тағйироту таҳаввулоти босуръати солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷикро дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои ин неъмати бебаҳо ба душвориву мушкилиҳои сангин мувоҷеҳ кард.

Пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ ба кандашавии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо давлатҳои пасошўравӣ боис гардид. Ин омил  тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро ба бўҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ  дучор намуд.  Гузашта аз ин якбора боло рафтани рўҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гуруҳу ҷунбишҳои гуногун,  надоштани таҷрибаи кофии сиёсии идории кишвари соҳибихтиёр аз ҷониби роҳбарони давр ба авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии миллат, тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар боис гардид. Аз ҳама нангинаш он буд, ки бо айби гуруҳу ҳизбҳо, афроди  алоҳида ва дахолати бевоситаи ашхос ва нуруҳҳои алоҳидаи хориҷӣ кишвари мо  ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.  Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ  давлати навтаъсиси тоҷикон ва миллати фарҳангсолори тоҷик дар чорсўйи тақдир дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор гирифта, роҳу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафташ зери суол қарор гирифт.

Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомўш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, сарҷаъмии миллат, таъмини оромию субот ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷик тақозо менамуд. Дар чунин шароити  ҳассоси таърихӣ  баргузории иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои хело мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқўъ пайвастани  дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон асос гузошт.

peshvo-5-oktyabr-4

Ин иҷлосия  дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шўълаи умедро ба сўйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт  ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат ба майдон омад.   Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар  каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон  камари ҳиммат барбаст. Дар натиҷаи азму талош ва  кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомўш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва Давлати тоҷикон рафъ карда шуд. Миллати тоҷик дар симои  Эмомалӣ Раҳмон — шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва  Пешвои  ҳақиқии хешро пайдо намуд.

Дарвоқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур  кардан имконнопазир аст. Бояд    эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта  саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист дар ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳуввияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.

Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву  сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста, заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Чумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам,  Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои  давлатдории миллӣ гашт. Ба шарофати  дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат корҳои созандагиву бунёдкорӣ  дар кишвар вусъати тоза ва бесобиқа пайдо намуданд. Дар натиҷаи амалисозии сиёсати сулҳҷўёна ва бомароми хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо назардошти манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон имрўз аз ҷониби 147 давлатҳои дунё ба расмият шинохта шуда, бо беш аз 128  давлатҳои дунё ҳамкории неки дипломатиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ба  узвияти бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ пазируфта шудааст.

Мо аз он ифтихормандем, ки бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гўши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди  созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

prezident-rogun-3

Ҷойи  фахр аст, ки аксарияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, хосатан оид ба дастрасӣ ба  оби ошомиданӣ  ва дигар мушкилоти экологӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид  бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд. Гузашта аз ин, тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳаммоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфт.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва гиромидошти суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони оламшумули тоҷику форс,  чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб бисёр бузург ва беназиранд.     Барои хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихияш ҷиҳати таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллат  ба ин абармарди миллат  мақоми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  лоиқ дониста шуда, ки он аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони  ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.  Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омўзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

Яке аз ҳадафҳои асосӣ ва меҳварии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои истиқлолияти давлатӣ  бунёди давлати иҷтимоӣ ва зина ба зина боло бурдани сатҳу зинадагонии мардуми кишвар ташкил медиҳад. Дар ҳамбастагӣ ба ин масъала мо шоҳиди ҳолем, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ғамхоронаи Ҳукумати кишварро таъмини шароити арзанда ва муносиби  зиндагонии хуррам ва пурнишоти мардуми кишвар, дастгирии ҳамешагии маъюбону ятимон, бепарасторону бенавоён ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд такшил медиҳанд. Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ месазад қайд намуд, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши  тоҷик дар асоси   сиёсати бобарор ва дурбинонаи  Пешвои миллат дар тамоми самтҳои  зиндагӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ гаштанд.

Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва ба шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки Пешвои миллат мардуми тоҷик дар роҳи  ба амал баровардани ҳадафҳои стратегии Ҳукумат – дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ қадам ба қадам гомҳои устувор гузошта истодааст.    Таъмиру сохтмон ва ба истифода додани  роҳу нақбҳои нав барои раҳоӣ аз  бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтақаҳои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ барои пайвастшавии бемайлони Тоҷикистон ба кишварҳои дунё ва бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид муҳайё сохт.

Басо рамзист, ки соли 2016 аз нигоҳи баргузории рўйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ барои мардуми тоҷик соли фаромушнопазир аст. Зеро дар баробари таҷлили ҷашнҳои Наврузи байналмилалӣ, 19-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  дар арафаи ҷашни 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббусҳои бевосита ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди нерўгоҳи барқӣ-обии Роғун, ки муҳимтарин ва азимтарин иншооти  аср ба ҳисоб меравад, ҳусни оғоз бахшида шуд. Бешубҳа оғози ин марҳилаи  муҳими  бунёди Нерўгоҳи барқӣ-обии Роғунро метавон яке аз муҳимтарин рўйдодҳои сол ва бузургтарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии кишвар таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Мо ҳамагон шоҳиди он будем, ки чи гуна бо як ҷасорату шуҷоати бемисл   Ҷаноби Олӣ шахсан савори  булдозер ду соҳили дарёи Вахшро ба ҳам пайваста, маҷрои оби онро дигар карданд ва ба бунёди сарбанди иншооти муҳими стратегӣ – Неругоҳи барқӣ-обии Роғун асос гузоштанд. Тамошои ин лаҳзаҳову  манзараҳои нотакрори таърихӣ он рӯз   ба кас ҳаловату илҳоми тоза  бахшида, беихтиёр дар қалби ҳар як фарди бедордил ҳисси баланди миллию меҳанпарастӣ, масъулияти баланди инсониву шаҳрвандӣ ва азми хизмати содиқонаву садоқати беандоза ба Ватану сарзамини аҷдодӣ ва вусъати корҳои ободкориву созандагиро бедор намуд.

Таърихи инсоният ками дар кам дар ёд дорад, ки сарони давлату ҳукумат ва ё пешвоёни миллат  худ бевосита бо дастони худ ба бунёди ин ва ё он ишооти муҳими стратегӣ камари ҳиммат баста бошанд.

Қобили зикр аст, ки ҳар нияту мақсаде, ки Президенти кишвар ба он даст задаанд, ҳатман ҷомаи амал пӯшидааст. Боварии комил дорем, ки бо дуои хайри ин фарзанди нексиришту покзамир дар наздиктарин муҳлат Неругоҳи барқӣ-обии  Роғун ба фаъолият ва тавлиди неруи барқ оғоз карда, ба мояи ифтихори миллии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ табдил хоҳад ёфт.

Боиси сарфарозию шодмонист, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни шукўҳманди  Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин санаи муқаддас дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид”  пагоҳ, 16-уми ноябр таҷлил карда мешавад. Ҳанўз 22 сол муқаддам, рўзи 16-ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расман шурўъ кардан ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кушишу ҳастиву хешро баҳри сарсабзию хуррамӣ ва пешрафти давлату миллати тоҷик равон хоҳанд кард. Гузашти солҳо  собит намуданд, ки ҳар он чизеро ки Сарвари Давлат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фаррохтар ва бештар аз он иҷро намуданд.

Ҷашни   Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии  мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад.

Таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонад.

Пас биёд, ҳамдиёрону дўстони азиз,  дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ  атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Тоҷикистони азиз барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш бо камоли эҳтирому сарфарозӣ таҷлили иди Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанони азиз фархунда гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирўзӣ, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрўзӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту инкишофи бештарро орзумандем.

 

                                                                        Руқия ҚУРБОНОВА,

                                                     Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби

                                                  халқии демократии Тоҷикистон  

Ноябрь 16, 2016 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон