Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Раиси Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия (TİKA) мулоқот намуд

Ноябрь 23, 2016 17:47

Душанбе, 23.11.2016./АМИТ «Ховар»/. 21 ноябри соли 2016 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия (ТİКА) Сердар Чам баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии  ТИКА мавриди табодули афкор қарор доданд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии муносибат ва ҳамкориҳо ҷонибҳо роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ бо иштироки Агентиро баррасӣ намуданд.

 

Ноябрь 23, 2016 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид