«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»- ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 декабр Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Чун анъана Паёми навбатӣ тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мустақиман пешкаши мардум мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯз дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» барои тамошои ҷараёни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тавассути монитори калон барои 300 нафар ҷавонони фаъол шароит муҳайё мегардад.
Ҳамчунин дар ин рӯз баъд аз анҷоми ироаи Паёми Пешвои миллат ҳамоиши тарғиботӣ дар мавзӯи «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Дар он ҷавонони фаъол ба аҳолӣ буклетҳо, нишони сарисинагӣ ва тақвимҳои кисагӣ тақсим мекунанд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






