Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии антидопингӣ таъсис дода мешавад

Декабрь 20, 2016 09:30

ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии антидопингӣ таъсис дода мешавад. Ин матлаб зимни мулоқоти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Дилшод Назаров бо директори Маркази минтақавии антидопингӣ Майра Бакашева матраҳ гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Дилшод Назаров иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.
«Майра Бакашева, директори Маркази минтақавии антидопингӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои масъуле, ки бевосита дар соҳаи варзиш фаъолият менамоянд, барои дастовардҳои назаррасашон дар соли 2016 изҳори сипос намуд»,-хабар дод манбаъ.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба Конвенсияи байналмилалии зиддидопингӣ имзо гузоштааст. Дар доираи он муваззаф аст, ки талаботи онро риоя намуда, фаъолияташро мутобиқ ба он ба роҳ монад.

Декабрь 20, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд