Донишҷӯёни ДДХ ғолиби мусобиқаи шоҳмот шуданд
ХОРУҒ, 12.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сабқати вилоятӣ байни шоҳмотбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо пирӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба итмом расид. Сабқат шаш рӯз давом кард ва дар он наздики 50 нафар аз шоҳмотбозони баргузидаи вилоят ширкат доштанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар аз вилоят хабар дод.
Сардовари мусобиқа Вафомамад Нурмамадов бо изҳори хушҳолӣ гуфт: «Донишҷӯён аксарияти ҷавонон, ҳатто варзишгарони ботаҷриба ва соҳибунвонро шикаст дода, дар сархати ҷадвали ин сабқат қарор гирифтанд. Пирӯзии ҷавонон бори дигар моро умедвор месозад, ки федератсияи шоҳмот сарфи назар аз баъзе мушкилоти техникӣ дар роҳи дуруст гом мебардорад. Яке аз омилҳои пирӯз гардидани ҷавонон дар сабқати мазкур-ин дар синфҳои ибтидоӣ ба роҳ гузоштани дарси шоҳмот мебошад. Минбаъд ин ҷавонон мустақилона бо истифода аз шабакаи интернет ва рӯзномаву маҷалаҳои соҳавӣ малакаву маҳорати худро такмил медиҳанд».
«Мақоми дуюмро низ донишҷӯи ҳамин донишгоҳ Алишер Мамадаёзов ишғол кард. Ин сабқат бо кумаки молии ширкати «Помирэнерҷӣ» ва ҶДММ «Шарқ Ко» баргузор гардид. Ба ғолибон мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд»,-хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






