Медалҳои биринҷӣ ба «Регар-ТадАЗ» тақдим шуданд

Декабрь 16, 2016 09:22

ДУШАНБЕ, 16.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маросими тантанавӣ медалҳои биринҷии Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба футболбозони дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода супорида шуданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар дод.
Расми супоридани медалҳо дар меҳмонхонаи «Ширкент» сурат гирифт.
«Медалҳои биринҷиро ба футболбозони ҳайати асосӣ ва ҳайати дуюми дастаи «Регар ТадАЗ» ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев ва директори генералии Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов супориданд. Дар ҷараёни медалсупорӣ ноиби президети ФФТ ба ширкати «ТАЛКО» барои дастгирии дастаи «Регар-ТадАЗ» изҳори минатдорӣ кард»,- хабар медиҳад манбаъ.
Дастаи «Регар- ТадАЗ» дар мавсими соли 2016 аз 18 вохӯрӣ дар 10 бозӣ ғалаба карда, 2 бозиро мусовӣ ва 6 вохӯриро бо бохт ҷамъбаст намуд ва бо касби 32 имтиёз соҳиби ҷои сеюм гардид.
Ҳамлагари даста Ромиш Ҷалилов бо 10 тӯби задааш дар зинаи сеюми беҳтарин нишонзанҳои Чемпионат қарор гирифт.

Декабрь 16, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад