«Модар»-и театри тоҷик 98- сола шуд

Декабрь 19, 2016 16:51

ДУШАНБЕ, 19.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик, «модари театри тоҷик» Мушаррафа Қосимова 98-сола шуд. Ин ҳунарманди маҳбуб 19 декабри соли 1918 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Падари вай Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе фиристода буданд. Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард.
Шавҳари Мушаррафа-апа Ҳунарманди Халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов низ яке аз саромадони театри тоҷик буд.
М. Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик бо намоишҳои театрӣ дар шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, доимо дар байни мардум буд. Мушаррафа Қосимова дар намоишномаҳои зиёд, аз ҷумла, дар намоишномаҳои «Тӯй», «Зиндагӣ ва муҳаббат», «Модар», «Номаро ман навиштам», «Фармони Кадушоҳ» ва ғайра. Инчунин ин ҳунарпеша дар филмҳои ҳунарии «Нисо», «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Ҷавонии Насриддин» ва ғайра нақш бозидааст.
Имрӯз ин зани ҳунарманд соҳиби набераю абераҳои зиёд буда, ҳамеша кӯшиш мекунад онҳоро дар сари як дастархон ҷамъ намояд.
Ҳарчанд солҳои охир М. Қосимова дар саҳнаи театр ва кино нақш намеофарад, вале доимо аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизион бо хабарҳои дохиливу хориҷи кишвар ошно мегардад. Ба гуфтаи вай имрӯз дӯсти беҳтаринаш рӯзнома мебошад. Ба 98- солагии худ нигоҳ накарда, «модар»-и театри тоҷик пайваста бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар робита буда, ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳад.
М. Қосимова аз рӯзгори ба сар бурдааш шукрона дошта, фахр мекунад, ки меҳнати кардааш зоеъ нарафта ва онро қадрдонӣ кардаанд.
Ин зани ҳунарманд ба ҳама насиҳат карда, сирри дарозумриашро дар зиндадилию дӯст доштани зиндагӣ медонад. Ӯ пайваста изҳор мекунад, ки ҳар як шахс бояд зиндагиро дӯст дорад ва ба қадри ҳар нафаси ҳаёт бирасад.

Декабрь 19, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд