Муҷассамаи Сино ба наздикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад
ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дебора Коузинс, Директори шуъбаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба масоили муҳити зист ва рушди устувор ҷиҳати кӯчонидани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба беҳтарсозии роҳҳо суҳбат сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. «Дар мулоқот Ҷамшед Раҳмонбердиев, мутахассиси пешбари БАТР дар Тоҷикистон ва Шаҳноза Солиева, таҳлилгари бонк низ ҳузур доштанд»,-зикр кард манбаъ.
«Интихоби мавзеъ барои кӯчонидани муҷассама якҷоя бо ҳама вазорату идораҳои дахлдор мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва муҷассама ба мавзеи нав бе расонидани зарар ба муҳити зист ва арзиши мероси фарҳангӣ кӯчонида мешавад»,- иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.
«Муҷассамаи асосгузори илми тиб Абӯалӣ ибни Сино ба маҳаллаи 81-уми пойтахт, воқеъ дар қисмати ғарбии хиёбони А. Сино ва наздикии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино кӯчонида мешавад. Мавзеи нави муҷассама масоҳати 2 гектарро фаро мегирад»,-хабар дод манбаъ.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






