Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Элизабет Инга Миллард

Декабрь 15, 2016 15:38

ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров нимаи аввали рӯз бо Сафири фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар оғоз дипломати амрикоиро ба муносибати ба ин мақом таъйин шуданаш муборакбод намуда, гуфт: «Шуморо дар Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор ва дипломати варзида, ки дар аксар кишварҳои дунё ба сифати сафир муваффақона кор кардаед, мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Умед дорем, ки ҳамчун сафири Амрико дар Тоҷикистон ба рушду таҳким ва устувор намудани муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амрико диққати ҷиддӣ медиҳед».

Бояд гуфт, то ҳол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико 30 санад ба имзо расида, ба Тоҷикистон аз Амрико ба маблағи 600 миллион доллари амрикоӣ кумаки башардӯстона расонида шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико ва 9 корхонаи амрикоӣ фаъолият мекунанд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, дари мо ба рӯи он кишварҳое, ки ба мо назари нек доранд, доимо кушода аст», — зикр кард Ш.Зуҳуров.

Имрӯз шароити хуб ва мусоид барои ҳамкории дуҷонибаи байни кишварҳо фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ дорад. Аз ҷумла, метавон дар соҳаи энергетика, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва меваҳои  аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон бо Амрико ҳамкории судманд анҷом дода шаванд. Албатта, барои ин бунёди корхонаҳои муштарак лозим аст, ки ҳар ду кишвар тавонанд аз он суде барои худ бардоранд.

Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конгресси Амрико таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки самараи сафар ва мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико буд, ки муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳо ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.

Зикр шуд, ки ба роҳ мондани рафту омади намояндагони парлумонҳои кишварҳои якдигар барои боз ҳам густариш пайдо кардани муносиботи мамлакатҳои мо мусоидат намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кумак хоҳад кард.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун дар кишвар ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам ғанитар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд. Омили асосии ҳамаи ин комёбӣ ва муваффақиятҳо барқарор ва таҳким бахшидани муносиботи миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Амрико имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад.

«Парлумонҳои ду кишвар метавонанд дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ бозанд», — таъкид кард Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки «тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба шароити боз ҳам муносибтареро дар раванди тақвияти ин муносибот фароҳам хоҳад овард».

Ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амрико дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ  техникӣ асос ёфта, дар заминаи эътимод ва боварӣ ба ҳамдигар раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст.

Дар мулоқот дар бораи ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Амрикоро ба вуҷуд овардаанд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва ҳамчунин кишоварзӣ дорои дурнамои умедбахш номида шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард Шукурҷон Зуҳуровро ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуд, ки бо таъйин шудани ӯ ба ин мақом муносибатҳои дипломатӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико ба маҷрои нав мебароянд.

Дипломати амрикоӣ дар навбати худ хостгори густариши ҳарчи бештари ҳамкории байнипарлумонии кишварашон бо Парлумони Тоҷикистон шуда, илова намуд, ки «Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа имрӯз нақши калидӣ мебозад».

«Хеле гуворост, ки бештари қонун ва санадҳое, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия ва қабул шудаанд, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд», — гуфт Элизабет Инга Миллард.

Дар мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистон табодули назар карда шуд.

Декабрь 15, 2016 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст