Омӯзиши паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаи тиҷоратӣ
ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар байни ҷавонони ноҳияи Ишкошим дар мавзӯи «Омӯзиши паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаи тиҷоратӣ» машварати омӯзишӣ баргузор намуданд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он 53 нафар соҳибкорони ҷавон- гирандагони Стипендияи президентӣ ва хонандагони синфҳои болоӣ иштирок намуда, самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаи тиҷоратиро аз худ намуданд.
«Мақсади чунин машваратҳо ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ буда, дар оянда ташкил намудани он дар дигар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхшон дар назар дошта шудааст»,-иттилоъ доданд аз Кумита.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






