Паём роҳи ноил шудан ба зиндагии шоиста ва рушди босуботи кишварро муайян мекунад
ЛАХШ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷамоати шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки фаъолон, адибону олимон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷамъомад баргузор гардид.
Дар маҷлис аҳли адабу фарҳанги ноҳия оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ андешаҳои хешро иброз намуда, таъкид доштанд, ки Паёми имсола ҳама самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил намуда, вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи Тоҷикистони азизамон муайян намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия Субҳон Раҷабов иттилоъ дод.
«Инчунин дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода, дар маҳаллаю деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои шарҳи Паёми Пешвои миллат вохӯрию суҳбатҳо роҳандозӣ мешаванд»,-зикр кард манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






