Ширкати Вазири корҳои хориҷӣ дар Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА
ДУШАНБЕ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар нишасти пленарии Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Ҳамбурги Олмон 8 декабри соли 2016 оғоз гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни суханронӣ дар Иҷлосия С. Аслов мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба нуктаҳои мубрами рӯзномаи САҲА, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба ислоҳоти ниҳодҳои САҲА, зарурати талошҳои муштараки кишварҳои ширкаткунандаи САҲА дар мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа ва таҳкими амният дар Афғонистон ироа намуд»,-хабар дод манбаъ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳои иштироккунандаи САҲА-ро ба ҳолатҳои вуҷуд доштани меъёрҳои дугона дар бархӯрдҳои Созмон ва бархе аз кишварҳои он, норавоии ширкати ашхос ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ҳамоишҳои САҲА, инчунин зарурати бозбинии ваколатҳои дафтарҳои саҳроии Созмон мутобиқи авлавиятҳо ва талаботи воқеии кишварҳои мизбон ҷалб намуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






