Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҷавонони ноҳияи Ҳамадониро рӯҳбаланд кард
ҲАМАДОНӢ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 1000 нафар ҷавонони ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ чун дигар ҷавонони кишвар бо дастгирӣ аз эълони Соли ҷавонон дар маркази ноҳия бо парчаму шиору овезаҳо роҳпаймоӣ карданд. Дар ин ҳамоиш ҷавонон миннатдории хешро ба Президенти кишвар барои таваҷҷуҳу дастгириҳои пайваста нисбат ба онҳо баён карданд.
Тавре Шӯҳрат Мирзода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нохия иброз намуд, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 онҳоро дигарбора рӯҳбаланд кард.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти мамлакат ҷавонон дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намудаанд. Ҳоло тариқи квотаи президентӣ садҳо нафар ҷавонон аз дехоти дурдаст дар муассисаҳои дохилу хориҷи кишвар таҳсил доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






