Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҷавонони ноҳияи Ҳамадониро рӯҳбаланд кард

Декабрь 31, 2016 12:37

ҲАМАДОНӢ, 31.12.2016  /АМИТ  «Ховар»/. Беш аз 1000 нафар ҷавонони ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ чун дигар ҷавонони кишвар бо дастгирӣ аз эълони Соли ҷавонон дар маркази ноҳия бо парчаму шиору овезаҳо роҳпаймоӣ карданд.  Дар ин ҳамоиш ҷавонон миннатдории хешро ба Президенти кишвар барои таваҷҷуҳу дастгириҳои пайваста  нисбат ба онҳо баён карданд.

Тавре Шӯҳрат Мирзода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нохия иброз намуд, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 онҳоро дигарбора рӯҳбаланд кард.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки  бо дастгирии пайвастаи Президенти мамлакат ҷавонон дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намудаанд. Ҳоло  тариқи квотаи президентӣ садҳо нафар ҷавонон аз дехоти дурдаст дар муассисаҳои дохилу хориҷи кишвар  таҳсил доранд.

Декабрь 31, 2016 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид