Тоҷикистон нисбат ба мушкилоти сокинони сайёра бетафовут нест!
ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омўзгории шаҳри Кӯлоб бо ибтикори Маркази ҷавонони шаҳр ба муносибати дастгирӣ ёфтани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Ташаббуси Пешвои миллат- ифтихори мо ҷавонон!» ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш Муҳаммадҷон Ҳаитов, директори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб зикр кард, ки «Пешвои миллат бо ин амали наҷиб ба ҷаҳониён бори дигар исбот намуд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён нисбат ба мушкилоти дигар миллатҳо бетафовут набуда, метавонанд дар ҳалли онҳо нақши калидӣ дошта бошанд. Ин пешниҳоди Пешвои миллат як ҷаҳон меҳр, муҳаббат, ғамхорӣ ва садоқат нисбат ба сокинони олам аст, ки имрўз аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашанд».
Дар ҳамоиш ҷавонони фаъоли шаҳр таъкид намуданд, ки қабули қатъномаи мазкур боиси сарфарозӣ ва ифтихормандии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.








24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






