Вазирони кишоварзии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳифзи гуногунии агробиологиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба комплекси агросаноатӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз Шуъбаи матбуот ва иттилоотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Дар ҷаласа аъзои Шӯро-вазирони кишоварзии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натиҷаи корҳои иҷрогардидаи комплекси агросаноатӣ дар соли 2016, рушди минбаъдаи мелиоративии заминҳо ва кооперативҳои кишоварзӣ, ҳолати бозорҳои ғалла ва қанд, амалисозии самтҳои истеҳсолӣ ва бозори амалкунандаи маҳсулоти гӯштию ширӣ, инчунин маълумот оид ба лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳифзи гуногунии агробиологиро баррасӣ намуданд»,-хабар дод манбаъ.
Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳамкории байнидавлатӣ созмон дода шуда, дар асоси Созишномаи ҳамкории байнидавлатӣ оид ба масъалаи комплекси агросаноатӣ, ки бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 28 апрели соли 1993 тасдиқ шудааст, фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар асоси дастурамали ин Шӯро раиси Шӯро бо навбат аз ҳар як давлати аъзо дар шахсияти намояндаи он дар асоси муҳлати ротатсионӣ дар давоми як сол интихоб карда мешавад.
Соли равон раисии Шӯроро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ба уҳда дорад.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






