Дар Сафорати Япония Лоиҳаи сохтмони бинои беморхона дар ҷамоати Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои 10 лоиҳаи нав дар Сафорати Япония баргузор гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ин созишномаҳо дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба имзо расида, маблағи умумии онҳо 834,789 долларро ташкил медиҳад.
«Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №50 дар деҳаи Сайёди ҷамоати ба номи Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ» ба маблағи 84,400 доллар, «Лоиҳаи барқарор намудани ду пул дар ҷамоати Яккадини ноҳияи Ҷайҳун» ба маблағи 84, 355 доллар, «Лоиҳаи барқарорсозии бинои беморхонаи минтақавии ҷамоати Вранги ноҳияи Ишкошим» ба маблағи 85,191 доллар, «Лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии ҷамоати Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб» ба маблағи 88,026 доллар, «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз» ба маблағи 84,814 доллар, «Лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии деҳаи Доғистони ҷамоати Доғистони ноҳияи ба номи Шамсиддини Шоҳин» ба маблағи 85,052 доллар, «Лоиҳаи барқарорсозии бинои мавҷуда ва сохтмони биноҳои нави мактаби №29 дар деҳаи Ватани ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритуз» ба маблағи 84,868, «Лоиҳаи таъмири техника барои нигоҳдории канали обёрӣ дар ноҳияи Фархор» ба маблағи 79,800, «Лоиҳаи беҳтар намудани системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Қубодиён» ба маблағи 84,216, «Лоиҳаи мустаҳкамкунии хоки нишебиҳои соҳили дарё ва беҳтар намудани системаи обёрӣ дар 5 деҳоти ноҳияи Роштқалъа» (Фокус) ба маблағи 74,067 доллар, аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки дар чаҳорчӯбаи GGP маблағгузорӣ мешаванд. Созишномаи 10 лоиҳаи навро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон Ҳаҷимэ Китаока ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расониданд.
Ҳаҷимэ Китаока дар баробари таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Япония азми қатъии кишварашро на танҳо ҷиҳати таъмини кумакҳои амнияти башарӣ баҳри дастгирии мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар беҳдошти сатҳи зиндагии ҷамоатҳои деҳот ба таври хоса таъкид кард. Мақомоти пазирандаи грантҳо низ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония изҳори сипос намуданд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






