Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ҳамасола доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб байни насли наврас баргузории ҳамасолаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Фестивал дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) доир мешавад.
«Барои дар сатҳи баланди касбию ташкилӣ баргузор шудани мусобиқаи мазкур зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ, Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон Кумитаи тадорукот ташкил карда шуда, Консепсия, нақшаи омодагӣ, тартиби баргузории мусобиқаҳо ва фестивали мазкур тасдиқ гардид»,- хабар дод манбаъ.
Марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз 21 то 25 марти соли равон дар заминаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз рӯи 8 намуди варзиш: чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ, гӯштингирӣ ё гӯштини миллии суннатӣ, дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр), шоҳмот ва бандкашӣ доир мегардад.
Ҳамчунин баргузории 10 намуд бозиҳои намоишӣ, аз ҷумлаи хурӯсҷанг, камонварӣ, шамшерзанӣ ва камонғулак дар назар дошта шудааст.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






