Комроншоҳи Устопириён дар Париж ҳафтум шуд

Февраль 14, 2017 14:42

ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Париж мусобиқаи байналмилалии дзю-дочиён бо номи «Paris judo Grand Slam» («Тоскулоҳи бузурги дзю-до») ба анҷом расид. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқа ба гирифтани мақоми ҳафтум сазовор шуд.
Ба иттилои торномаи мусобиқа, дар қуввасанҷии мазкур, ки рӯзҳои 11-12 феврал гузашт, 409 варзишгар (259 мард ва 150 зан) аз 61 кишвари дунё ширкат варзиданд.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ чаҳор гӯштингир иштирок карданд. Танҳо Комроншоҳи Устопириён муваффақ гардид, ки натиҷаи хубтар нишон диҳад. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм  дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Зачари Бурт аз Канада ва Самули Виитанен аз Финландия пирӯз шуд. Вале баъдан Комроншоҳ аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб гашт. Дар ин вазн Хинзао Ченг, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Аксел Клергети фаронсавӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд.
Акмал Муродов, ки дар вазни то 81 кило ҳунарнамоӣ кард, дар нахустин қувваозмоияш бар Николас Долпополо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастболо шуд ва дар даври баъдӣ аз Дагвасурен Нямсурени муғул шикаст хӯрд. Дар ин вазн боз як гӯштингири тоҷик  Сафарбек Муродов низ иштирок кард ва дар даври аввал аз Аттила Унгвари аз Венгрия мағлуб шуд. Ба Абдулваҳҳоб Сатторов дар вазни то 100 кило муяссар нашуд, ки бар паҳлавони ӯзбекистонӣ Соиб Қурбонов ғалаба кунад.
Дар натиҷа дар ҳисоби умумидаставӣ дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро аз худ кард.
Ҷадвали раддабандии медалҳо то ҷои панҷум чунин аст:

                                 тилло  нуқра биринҷӣ  ҷамъ

Япония                       7            4           2            13
Кореяи Ҷанубӣ         2            1           2             5
Франсия                     1            4           6            15
Ҳоланд                       1            0          2             3
Косово                        1            0           1             2

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа миёни мардон:
60 кг
1. ТОКАТА Наохиса (Япония)
2. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Ӯзбекистон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)

66 кг
1. АБЕ Хифуни (Япония)
2. АРДАНОВ Анзаур (Россия)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
3. ШИХАЛИЗОДА Няд (Озарбойҷон)

73 кг
1. ХАШАМОТО Соичи (Япония)
2. АН Чангрим (Кореяи ҷанубӣ)
3. БУТБУЛ Тохар (Исроил)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

81 кг
1. ДЕ ВИТ Франк (Ҳоланд)
2. РЕХВИАШВИЛИ Забеда (Гурҷистон)
3. НДИАЙЕ Папе Доудоу (Франсия)
3. ПИРРЕ Баптисте (Франсия)

90 кг
1. ЧЕНГ Хунжао (Чин)
2. КЛЕРГЕТ Аксел (Франсия)
3. ГВАК Донгхан (Кореяи ҷанубӣ)
3. ЗГАНК Михаел (Словения)

100 кг
1. ИИДА Кентаро (Япония)
2. МАРЕТ Кирлле (Франсия)
3. ФОНСЕКА Ҷорҷ (Португалия)
3. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)

+100 кг
1. ОҶИТАНИ Такеши (Япония)
2. ШИЧИНОЕ Риу (Япония)
3. СИЛВА Рафаел (Бразилия)
3. УЛЗИБАЯР Дууренбаяр (Муғулистон)

Февраль 14, 2017 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид