Курси литсензионии Конфедератсияи футболи Осиё барои мураббиён хотима ёфт

Февраль 21, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 21.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе курси литсензионии Конфедератсияи футболи Осиё барои мураббиён хотима ёфт.
Машғулиятҳо аз 8 то 20 феврал идома ёфтанд ва дар он мураббиёни ҷавон, ки аввалин қадами худро дар соҳаи мураббигӣ мегузоранд, иштирок карданд.
Ба шунавандагон коршиноси КФО Боир Эгамбердиев машғулият гузаронид. Онҳое, ки аз имтиҳонҳо бомуваффақият мегузаранд, сазовори литсензияи «С» мегарданд.
Дар соли ҷавонон ФФТ ба нақша гирифтааст, ки курсҳои мураббиёнро ройгон баргузор намояд. Чунин курсҳо аз 3 то 17 апрел дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ гузаронида мешаванд.

Февраль 21, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд