Собиқ бозингари «Арсенал» ва «Барселона» ба Премйер-Лигаи Россия мегузарад

Февраль 14, 2017 11:34

ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Беларус Александр Глеб, ки пештар дар клубҳои маъруфи «Арсенал» ва «Барселона» бозӣ кардааст,  ба дастаи Премйер  Лигаи Россия-«Криля Советов» хоҳад гузашт. Пеш аз бастани шартнома Глеб ҳоло аз ташхиси тиббӣ мегузарад,- хабар медиҳад Twitterи дастаи «Криля Советов».

Александр Глеб ба ҳайси бозингари озод бе ягон маблағ ба ин даста мегузарад. Клуби футболи охирине, ки Глеб дар он бозӣ кардааст, «Батэ»-и Беларус мебошад. Дар бораи муҳлат ва маоши бозингар иттилои расмӣ нарасидааст.

Февраль 14, 2017 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд