Ифтитоҳи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Турсунзода

Март 21, 2017 10:04

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои 6-ошёнаи истиқоматиро бо маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти тозабунёд аз 4 қисм иборат буда, бо маблағи 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров бунёд карда шудааст. Бинои мазкур аз 153 манзили истиқоматии 1, 2 ва 3 ҳуҷрадор иборат мебошад ва масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ, ки бо тарзи миллии меъморӣ сохта шудаанд, 5 ҳазору 750 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонии бино бо маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи якуми он соли 2015 оғоз гардида буд. Лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АРХ Строй» тарҳрезӣ гардида, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Капитал АА-2014» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Соҳиб Дӯст» мебошанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ то 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Саҳни бино ба таври муосир оро ёфта, барои фароғату бозии хурдсолон майдончаи нави варзишӣ ба истифода супурда шуд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар маркази хизматрасонии он наздики 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд. Минбаъд меҳмонону сокинони шаҳр метавонанд дар ин ҷо аз намудҳои гуногуни хизматрасонии ба талаботи замон ҷавобгӯй баҳравар шаванд.

Соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайваста ва таъмини шароити мусоид ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳр боз 2 бинои баландошёнаи истиқоматиро бо ҷойгир намудани таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохти меъморӣ ва сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди боз як бинои хуштарҳу замонавиро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз туҳфаи арзанда ба сокинони саодатманди шаҳри Турсунзода арзёбӣ карданд.

Март 21, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд