Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Ветнам бо ҳам қувва меозмоянд
ДУШАНБЕ, 28.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаи мунтахаби Афғонистон дар бозии нахустини худ дар гурӯҳи «С»-и бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Ветнам қувва меозмояд. Аз сабаби мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон роҳбарияти Федератсияи футболи ин кишвар қарор додааст, ки бозиҳои хонагии дастаи мунтахаби кишварашро дар шаҳри Душанбе баргузор намояд.
Дастаи мунтахаби Афғонистон бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон -2018-ро ба ҳайси мизбон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида буд. Тавре Алӣ Аскар Луъалӣ сарпарасти дастаи мунтахаби Афғонистон гуфтааст, «ҳарчанд тамошобинон дар варзишгоҳи Эрон зиёд буданд, аммо дар канори он як силсила маҳдудиятҳое ҷой доштанд, ки монеи омодагии хуби бозингарон мегардид, ба ҳамин далел ин бор Тоҷикистонро интихоб кардем»-овардааст www.darivoa.com.
Дастаи мунтахаби Афғонистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Ветнам, Камбоҷа ва Урдун барои роҳхат ба бозиҳои финалии Ҷоми Осиё-2019 мубориза мебарад. Имрӯз соати 19:00 дар аввалин дидор футболбозони Афғонистон бо Ветнам вориди майдони Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мешаванд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






