Нақши идораи корпоративӣ дар фаъолияти Шӯрои нозирон
ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 29 марти соли равон Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба идораи корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ семинари амалӣ дар мавзӯи «Нақши пешбарандаи Шӯрои нозирон дар низоми идоракунии корпоративии бонкҳо» доир намуд. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Дар семинар Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои низомсози кишвар, инчунин намояндагони Лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ ҳузур доштанд.
Дар семинари амалӣ Сироҷиддин Икромӣ, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз зарурати ислоҳот дар самти барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва масъалаҳои вобаста ба идоракунии корпоративӣ изҳори назар карда, гуфт: «Мақсад аз гузаронидани семинари амалӣ бо иштироки раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳо баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти Шӯрои нозирон дар бонкҳо, дар ҳамкории Шӯро ва Раёсат ба роҳ мондани идорасозии бонкҳо, аз ҷумла дар самти татбиқи стратегияи умумии идоракунии хавфҳо ва сиёсати идоракунии онҳо, қабули қарорҳои муҳим ва ҳамаҷониба таҳлилшуда, пурзӯр намудани назорати бонкӣ бо беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ маҳсуб мешавад».
Иштирокдорони семинари амалӣ дар доираи машғулиятҳои гурӯҳӣ имкони баррасии масъалаҳоеро, ки Шӯрои нозирон зимни иҷрои вазифаҳои худ дар самти муайян намудани стратегия ва татбиқи вазифаҳои назоратӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилоти баамаломада бархӯрдор мешаванд, пайдо карданд.
Боиси тазаккур аст, ки семинари мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария (SECO) ва Британияи Кабир (DFID) доир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






