Оғози кишти баҳории пунбадона дар ҶДММ Агросаноат-и шаҳри Турсунзода

Март 21, 2017 08:48

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Регар — и шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Агросаноат ба кишти зери плёнкагии пахта бо усули обмонии қатрагӣ оғоз бахшиданд.

Меҳмони олимақомро дар даромадгоҳи хоҷагии мазкур деҳқонони соҳибтаҷриба ва олимони соҳа гарму самимӣ истиқбол гирифта, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишти пунбадона шурӯъ намуданд. Шумораи умумии коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Агросаноат 500 нафарро ташкил медиҳад ва он дар ихтиёри худ 869 гектар замини корам дорад. Аз масоҳати умумии майдони кишт 769 гектар замини обӣ, 100 гектар лалмӣ ва бештар аз 2 гектари дигарро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагии мазкур истеҳсол, азхудкунӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Дар фермаи ширию гӯштии хоҷагӣ дар айни замон 437 сар гови хушзоти Симинтал аз давлати Олмон ворид карда шуда, парвариш меёбанд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба истифодаи технологияи муосири обёрии қатрагӣ бо найчаҳои полиэтиленӣ дар парвариши пахтаи навъи ватании «Дӯстӣ-ИЗ» маълумот доданд. Ҳосили интизории ин навъи тухмӣ 50-55 сентнерро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳи обёрии қатрагӣ аз истгоҳи обкашӣ, таҷҳизоти обтозакунӣ, қубурҳои магистралию тақсимкунанда ва хатти қатрадиҳанда иборат мебошад. Кишти пахта бо чунин усул дар шаҳри Турсунзода бори аввал ба роҳ монда шуда, афзалияти технологияи инноватсионӣ дар сарфаи об мебошад. Нуриҳои минералӣ ва коркарди байни қаторҳо кам шуда, тавассути чунин усул замин аз шӯршавӣ нигоҳ дошта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнаткашони хоҷагӣ суҳбати озоду самимӣ доир карда, ба онҳо барои баҳрабардорӣ аз ҳар ваҷаб замин бо истифода аз обу ҳавои мусоиди фасли баҳор маслиҳатҳои судманд доданд.

Март 21, 2017 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд