Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода

Март 21, 2017 08:27

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Имсол барномаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯзи фархундапай дар маркази шаҳри Турсунзода сурат гирифта, ба ин хотир маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр симои идона доранд.

Дар рӯзи таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ пеш аз оғози барномаҳои фарҳангии наврӯзӣ аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода як зумра иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда мешаванд, зеро созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ аз оини нек ва хоси ҷашни Наврӯз аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи шаҳр сокинону фаъолон бо эҳтирому самимияти хоса ба таври бошукӯҳ истиқбол гирифтанд.

Аҳли ҳунар ва хонандагон ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи зебову рангинро, ки фазилатҳои неки Наврӯзи бостониро бозгўӣ мекард, манзур намуданд.

Март 21, 2017 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд