Парлумон ба қонуни Буҷети давлатӣ барои соли 2017 илова ворид менамояд
ДУШАНБЕ, 13.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат 13 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.
Шариф Раҳимзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» 50 фоиз коҳиш додани ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав ба ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин росто, тибқи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» мошинҳои воридотие, ки санаи истеҳсолашон то як сол ва масофаи тайнамудаашон то 10 ҳазор километрро ташкил медиҳанд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ба андозаи 50 фоиз озод карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки самти асосии ворид намудани илова ба қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 23 Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нигаронида шудааст.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои сарҳадӣ баррасӣ гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид






