«Робин Гуд»-ғолиби вилоятии пойга
ДУШАНБЕ, 28.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар майдони аспдавонии ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи якшанбеи 26 март мусобиқаи вилоятӣ оид ба пойга баргузор шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ иштирок намуд. Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода иштирокчиёни чорабинии варзишӣ ва сокинони ноҳияро бо Иди Наврӯз табрик гуфта, изҳор дошт, ки ҳар сол дар арафаи иди аҷдодӣ мусобиқаҳои пойгаву бузкашӣ баргузор мешавад ва мусобиқаи имрӯза 19-умин мусобиқа ба ҳисоб меравад.
«Мусобиқаи вилоятии пойга дар 9 давр ҷараён гирифт ва дар он беш аз 70 асп иштирок намуданд. Дар даври ниҳоӣ асп бо номи «Робин Гуд» масофаи муқарраршударо аз ҳама пештар тай намуд.
Ба ғолибони мусобиқаи вилоятӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ба ғолиби ҷои аввал 3 ҳазор сомонӣ супорида шуд»,-иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуотӣ.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






