Рустами Эмомалӣ бо Элизабет Миллард оид ба уфуқҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд

Март 6, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо хонум Элизабет Миллард, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр карданд, ки тарафҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо доир ба самту уфуқҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати таҳкиму густариши додани робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боулдери иёлати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳавасмандии махсус зоҳир намуданд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Март 6, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд