Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд

Март 29, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 8 ҳазор ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Соли 2025  ҳамзамон 7 корхонаи нави истеҳсолӣ дар самтҳои истеҳсоли сару либоси ҳама синну сол, истеҳсоли заргарӣ, сафолакҳо, хишти сабук, оҳак, обҳои ташнагишикан ва истеҳсоли гӯшт бо ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва аз ҷиҳати экологӣ тоза бо таъсиси 1400 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бояд иброз намуд, ки истифодаи самараноки иқтидори нав,  истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида барои афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр дар соли 2025 заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби 854 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 6,8 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024  1,6 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 126 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот 128,5 миллион сомонӣ ё 29,4 фоиз, саноати коркард беш аз 4,1 миллиард сомонӣ ё 19,1 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво  2,5 миллиард сомонӣ ё 31 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 130 миллион сомонӣ ё 1,6 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бештар таъмин гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 29, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд