16 апрел-Рӯзи илми тоҷик. Президенти АИ Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои олимони тоҷик дар солҳои Истиқлолият

Апрель 15, 2017 08:25

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши олии инсонӣ барои мардуми Тоҷикистон пайроҳаи нави шукуфоиву рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овард. Танҳо дар ин давраи муҳими таърихӣ имкони қувват гирифтани неруҳои ақлонию зеҳнӣ ба вуҷуд омада, халқи тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба масири хушбахтию саодат қадамҳои устувор ниҳод. Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ илми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишоф ёфта ва марҳилаи сифатан нави тараққиётро тай намуд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 22 декабри соли 2016 Пешвои миллат оид ба нақши калидӣ доштани илми ватанӣ дар рушди устувори ҷомеа таъкид карда буданд. Ҷаноби Олӣ донишмандонро ба он ҳидоят намуданд, ки ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносиву техникӣ ва ба талаботи ҷомеа равона сохтани неруи илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, фаъолияти худро дар самти ихтироъкориву навоварӣ, ҳамчунин ҷалби ҷавонони болаёқат ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.

Дастоварди аз ҳама арзишманди замони соҳибистиқлолӣ ба забони илмӣ мубаддал гардидани забони тоҷикӣ мебошад. Имрӯз олимони соҳаҳои гуногун сари тадқиқоти худ озодона бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд ва аз ин тариқ илми тоҷик дар сатҳи иҷтимоӣ таблиғу ташвиқ мешавад. Эҳё гардидани суннату анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати гузашта, гиромидошти таъриху фарҳанги бумӣ ва дар ин замина таҳкиму тақвият ёфтани раванди худогоҳию худшиносии миллӣ аз муваффақиятҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд, ки дар ин самт низ Пешвои миллат хидмати арзанда анҷом додаанд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ниҳоди муқтадири илмӣ ва истеҳсолӣ тайи шасту панҷ соли мавҷудият на танҳо дар ташаккулу инкишофи неруи ақлонию зеҳнии мамлакат, балки дар рушди истеҳсолоти ватанӣ низ саҳми арзанда гузоштааст.

Рахими

Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, хабарнигори АМИТ «Ховар»  Мавҷуда АНВАРӢ бо Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод РАҲИМӢ оид ба роҳи тайнамудаи илми ватанӣ дар масири таърих, аз ҷумла дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Мехостам аз даврабандии андеша ё ба истилоҳ таърихи илми башарӣ шурӯъ кунем. Он аз куҷо шурӯъ мешавад ва инсониятро ба куҷо мерасонад?

Фарҳод Раҳимӣ: Илму хирад натиҷаи фаъолиятҳои ақлонию зеҳнии башар буда, бо фаъол сохтану таҳрик додани низоми ақлонии инсоният ба дараҷаи камолоти зеҳнӣ ноил гардид ва тадриҷан аз марҳилаи биологӣ ба сатҳи иҷтимоӣ расида, ба шинохт ва маърифати ҷомеа, ҷаҳон ва кайҳон даст ёфт. Дар натиҷа инсон на танҳо дар пайи шинохти худ кӯшид, балки ҷаҳони атрофи худро низ маърифат намуд. Ҳанӯз Софокли юнонӣ гуфта буд: «Дар табиат неруҳои қавии ваҳшӣ зиёданд, вале аз инсон пурқудраттар касе ё чизе нест». Албатта, ҳадафи Софокл инсони ҳушманд, оқилу доною огоҳ аст ва танҳо бо рӯйи даст гирифтани ибтикороти фикрию зеҳнӣ ва иродавӣ, ки дар қолаби илму хирад таҷасум меёбанд, инсон бар қувваҳои дигар пирӯз мегардад. Аз ин ҷо даврабандии андеша ё таърихи илми башарӣ шурӯъ мешавад ва расидан ба дараҷаи баланди камолот инсониятро то ба марҳилаи шинохт ва маърифати кайҳон мерасонад. Ба ин марҳила расидан ва, ба қавли донишманди аврупоӣ Артур Кларк, тарҳи «Муколимаи Инсон ва Кайҳон»-ро кашидан тавассути илму дониш муяссар мегардад (Кларк садаи бистро ба унвони садаи гуфтугӯйи инсону кайҳон муаррифӣ кардааст). Ба сухани дигар, илм метавонад гуфтугӯйи воқеии инсон ва кайҳонро дар садаи бисту як густариш бахшад ва бад-ин минвол инсониятро ба саодату хушбахтӣ бирасонад.

Агар таърихи илми ватаниро ба таври умумӣ дунболагирӣ кунем, ба натиҷае мерасем, ки тайи таърихи тӯлонӣ мардуми хирадманди мо, новобаста аз шароити иҷтимоию сиёсӣ ва ҷабру истибдоде, ки сари аҷдодони мо рехта шуд ҳамвора ба сӯйи илму дониш ва андешаи илмӣ устуворона гом бардошта, барои дар сафаҳоти таърихи умумиинсонӣ сабт сохтани талошу заҳматҳои фикрию маънавиаш ҷонбозиҳо кардааст.

АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки аввалин сохтори илмӣ дар Тоҷикистон кай таъсис ёфта буд ва фаъолияти он дар омӯзиши кадоме аз бахшҳои илмҳои тоҷик мусоидат кардааст?

Фарҳод Раҳимӣ: Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон аввалин сохтори илмӣ таҳти унвони «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронитабори берун аз ҳудуди он» таъсис ёфта буд, ки ба ҳайати он олимони барҷастаи он замон, муаррих А. Семёнов, ҷуғрофиёдон Н. Корженевский ва фарҳангшинос М. Андреев шомил буданд. Метавон гуфт, ки фаъолияти ин ҷамъият то соли 1929 идома ёфта, дар омӯзиши захираҳои табиӣ, таърих, мардумшиносӣ, забон ва адабиёти халқи тоҷик мусоидат кард. Дар давоми ин солҳо як қатор экспедитсияҳои илмӣ созмон дода шуданд, ки ба таҳқиқи неруҳои истеҳсолкунандаи дохилӣ равона шуда буданд. Экспедитсияҳои мазкур дар тадқиқи ҳаҷми қувваҳои истеҳсолкунанда ва ниҳоят, устувор гардидани илм дар Тоҷикистон нақши бағоят бузург бозиданд. Бояд дар назар дошт, ки пояи ташаккул ва тавсеаи илмҳои ҷомеашиносиро дар ҷумҳурӣ асосгузори адабиёти шӯравӣ ва муосири тоҷик Устод Садриддин Айнӣ гузоштаанд.

Арбоби намоёни илму фарҳанги ҷумҳурӣ Садриддин Айнӣ нахустин президенти Академияи илмҳо буданд, ки саҳми бузургашон дар ташаккул ва рушди илми ватанӣ бебаҳс аст. Таҳқиқоти илмии устод Айнӣ ҳамчун намунаи боризи таҳаввулоти илми ватанӣ дар вусъат ёфтани доираи илмҳои гуманитарӣ ва таҳқиқотҳои бунёдӣ дар ин самт хизмати арзанда кардаанд. Дар ин давра ховаршиносони маъруфи рус дар омӯзиши таърих, афкори фалсафӣ-ирфонӣ ва забону адабиёти тоҷик нахустин тадқиқотҳои илмиро анҷом доданд, ки мавриди таҳқиқи насли нави муҳаққиқони ватанӣ қарор гирифтанд. Гурӯҳи дигари олимони рус баъди таҳсилоти донишгоҳӣ дар Москва, Санкт-Петербург ва Тошканд ба Душанбе омада, дар марказҳои илмии Тоҷикистон ба омӯзиши мероси хаттӣ, забони адабии муосири тоҷик ва эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик машғул шуданд. Маҳз дар натиҷаи омӯзиши пайгиронаи таҳқиқотҳои ховаршиносони рус насли нави донишмандони тоҷик рӯйи кор омад. Ин аст, ки фаъолияти Б.Ғафуров, М. Турсунзода, С.Улуғзода, З.Ш.Раҷабов, Б.Искандаров, А.Мирзоев, Ш.Ҳусейнзода, Х.Мирзозода, Л.Бузургзода, А.Баҳоваддинов, С.Раҷабов, Б.Ниёзмуҳаммадов, М.Фозилов ва Н.Маъсумӣ аз ташаккули насли нави олимону адибони пухтакор ва ҷавобгӯ ба талаботи замон мужда доданд, ки эътибори илму фарҳанги миллиро боло бурданд.

АМИТ «Ховар»: Дар кадом солҳо мактабҳои илмӣ ба вуҷуд омаданд ва дар кадом самтҳо таҳқиқотҳои илмӣ муваффақона ҷараён гирифтанд?

Фарҳод Раҳимӣ: Дар солҳои 60-уми садаи бист мактабҳои илмӣ ба вуҷуд омада, дар самтҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ таҳқиқотҳои илмӣ муваффақона ҷараён гирифтанд. Академикҳои номдори давр дар соҳаи илми риёзӣ, астрофизика, химияи  органикӣ, геология, ботаника ва кишоварзӣ тадқиқотҳои бунёдӣ анҷом дода, илми ватаниро ба сатҳи баланд расониданд.

Дар баробари рушду тавсеаи мактабҳои илмии табиатшиносӣ соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ низ таҳаввул ёфт. Бо саъю талошҳо ва таълифи асарҳои академикҳо Б.Ғафуров, А.Семёнов, З.Раҷабов, Б.Искандаров, А.Мухторов, Н.Неъматов, Б.Литвинский илми тоҷик бисёр қавӣ гашт. Таҳқиқотҳои илмии дар самти омӯзиши афкори фалсафӣ ва ҷамъиятии халқҳои Шарқ анҷомдодаи академикҳо А.Баҳоваддинов, М.Осимӣ ва дар марҳилаи минбаъда узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғ.Ашуров ва академик М.Диноршоев илми фалсафаи тоҷикро поягузорӣ карданд. Дар муайян намудани самтҳои асосӣ ва бунёди илми филологияи тоҷик, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ниёгон, махсусан бахшҳои забоншиносӣ, фолклоршиносӣ, луғатсозӣ, таҳияи грамматика ва амсоли инҳо нақши мондагори академикҳо С.Айнӣ, Б.Ниёзмуҳаммадов, М.Турсунзода, А.Мирзоев, Н.Маъсумӣ, С.Табаров, С.Улуғзода, Ш.Рустамов, М.Фозилов, А.Маниёзов бузург аст. Дар соҳаи омӯзиши проблемаи давлат ва ҳуқуқ таҳти роҳбарии академик С.Раҷабов таҷрибаи бойи илмӣ андӯхта шуд, ки барои мушаххас кардани ҷанбаҳои муҳимтарини истифодаи ҳуқуқ дар шароити нави иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои асосҳои давлату давлатдории миллӣ манфиатовар буд.

Дар давоми солҳои 1965-1988 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тақвият ёфта, Институти тибби минтақавӣ ба Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, Боғи ботаникии Помир ба Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ, Шуъбаи математика ва Маркази ҳисоббарорӣ ба Пажӯҳишгоҳи математика ва Маркази ҳисоббарорӣ табдил дода шуданд. Ҳамчунин Сарредаксияи Энсиклопедияи Шӯравии Тоҷик (ҳоло-Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик), Шуъбаи ҳифз ва истифодаи захираи табиӣ ва Шуъбаи генетикаи умумии пахта низ таъсис дода шуданд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ Академияи илмҳо ва илми ватанӣ ба ҳолати буҳронӣ мувоҷеҳ гардид. Дар ин давра қатъи назар аз мушкилоти мавҷуда илми ватанӣ ва Академияи илмҳо дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ фаъолият карданд.

АМИТ «Ховар»: Дар ҳаёти илмиву фарҳангии ҷумҳурии тозаистиқлоли мо кадом рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ омаданд?

Фарҳод Раҳимӣ: Агарчи марҳилаи пасошӯравӣ  бо мушкилоти зиёди молию иқтисодӣ ва зеҳнию ақлонӣ мувоҷеҳ буд ва дар сарнавишти Академияи илмҳо ва олимони ин ниҳоди муассири илмӣ-тадқиқотӣ бетаъсир набуд, аҳли илми кишвари нав ба Истиқлолияти сиёсӣ расидаро ноумед накард. Давраи нав дар инкишофи илми ватанӣ – давраи Истиқлолияти давлатӣ пеш омад ва аз ин давра, ки бо худ, қабл аз ҳама, истиқлоли илмӣ, андешавӣ ва маданиро дошт, ба таври бояду шояд истифода гардид. Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи илмҳо, ки 29 феврали соли 1996 баргузор гардид, рӯйдоди муҳиме дар ҳаёти илмиву фарҳангии ҷумҳурии тозаистиқлол маҳсуб меёбад, чунки дар ин мулоқот дурнамои инкишофи илм ва вазифаҳои олимон мушаххас шуданд. Илова бар ин, ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001 дар ҷашни 50-солагӣ ва соли 2011 дар таҷлили 60-солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки Сарвари давлат ба илм ва олимон эҳтиром доранд ва дурнамои давлати миллиро дар илми  академӣ ва ширкати фаъоли донишмандони тоҷик дар сохтмони низоми давлатдории дунявӣ ва ҷомеаи маданӣ мебинанд.

Дар давоми солҳои 2005-2014 Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон ва амсоли инҳо таъсис ёфтанд. Дар ин замина, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъқул донистани Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой» ба тасвиб расид.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани илми ватанӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти зарурӣ бардошта истодааст. Ин ниҳоди илмӣ 25 соли замони Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид. Беш аз 300 санади меъёрии ҳуқуқии муҳиме, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соҳаи илм ба тасвиб расиданд, ба пешрафти минбаъдаи илмиву техникӣ, такмили муассисаҳои илмӣ, маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони илмӣ ва амсоли инҳо равона гардиданд.

Дар ин соли таърихӣ (соли 2016) маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Расадхонаи байналмилалии «Санглох» ба кор оғоз кард, ки ин дастоварди бузурги илми ватанӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин тӯли соли 2016 як қатор корҳои муҳими илмӣ, аз ҷумла бо ҷалби грантҳои хориҷӣ таъсиси озмоишгоҳи муосир барои олимони табиатшинос, озмоишгоҳи муосири сейсмикӣ дар мавзеи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо насби таҷҳизоти муосири сейсмикӣ, омода намудани асосноккунии техникию иқтисодии барқароркунии реактори маҳлулии ядроии «Аргус», ташкили экспедитсияи миллӣ ва гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ дар пойгоҳи баландкӯҳи «Помир-Чақалтой», коркарди пектинҳо барои тиб ва соҳаи дорусозӣ, истеҳсоли обгармкунакҳо аз алюминийи аввалия барои хоҷагии халқи мамлакат, ихтирои анвои нави зироати гандуми ба хунукию зимистонгузаронӣ тобовар дар минтақаҳои баландкӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дигаргуншавии иқлим ва амсоли инҳо анҷом дода шуданд.

Натиҷаҳои илмие, ки олимони Академияи илмҳо дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 100 мавзӯъ, аз ҷумла 65 мавзӯи бунёдӣ ва 35 мавзӯи амалӣ ба даст овардаанд,  аз устувор шудани мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд. Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи илм — математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт ва  демография натиҷаҳои муҳими илмӣ  ба даст оварданд.

АМИТ «Ховар»: Дар айни замон таваҷҷуҳи олимони Академияи илмҳо ба таҳқиқу омӯзиши кадом масъалаҳои илмию техникӣ ва аз рӯйи кадом самтҳои афзалиятноки  барои ҷумҳурӣ муҳим нигаронида шудааст?

Фарҳод Раҳимӣ: Имрӯз таваҷҷуҳи олимони мо ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи эко­логӣ тозаи барқароршавандаи энергия, технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маснуъоти тайёр, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ, мониторинги радиатсионӣ, амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон  ва монанди инҳо   равона карда шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар коркардҳои зиёди илмӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд ва аксари онҳо татбиқи худро дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, мисли кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химиявӣ, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб ёфта истодаанд. Офаридани китоби шашҷилдаи таърихи халқи тоҷик ва китоби сеҷилдаи таърихи фалсафаи тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз, фарҳангҳои гуногуни тафсириву дузабона, донишномаҳо, таҳқиқи тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ ва демографӣ дар ҷумҳурӣ, баррасии таърихи ҳуқуқ ва давлатдории тоҷикон, нашри осори зиёди адабиву фалсафӣ ва илмии ниёгон, ки солҳои охир анҷом ёфтаанд, барои рушди ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияву эхсоси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллии мардум хеле судманданд.

Академияи илмҳо дар айни замон фаъолияти худро  ба  иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалии  олимон ҷиҳати рушди илми ватанӣ, боло бурдани тафаккури илмиву техникии ҷомеа, сатҳи фарҳангу маънавиёти ҷавонони кишвар, ташаккули тафаккури зеҳнию ҳуқуқии мардум, дар рӯҳияи ватанпарвариву башардӯстӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани  ҷомеа, шиносо кардани ҷомеа бо таъриху тамаддуни боғановати ниёгон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои илмӣ саҳми худро мегузорад.

Раванди таҳқиқотҳои бунёдӣ, кашфиёту ихтирооти илмӣ ва истеҳсолоти ватанӣ дар шароити касби Истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила таҳкиму тақвият ёфта, олимону донишмандони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ, ки дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии АИ ҶТ самаранок фаъолият кардаанд, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти мардум, ба талаботи замон ва стандартҳои илми ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани илм ва ниҳоят амалӣ сохтани ниёзҳои иҷтимоию фикрии ҷомеа саъю талоши фаровон варзиданд.

Пайвастани илм бо истеҳсолот, ки ҳадафи асосӣ ва бунёдии Академияро ташкил медиҳад, тайи даврони Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи калидӣ табдил ёфта, аҳли илм ва кормандони ин ниҳоди илмӣ дар масири ба истеҳсолот тавъам сохтани илми ватанӣ иқдомоти зарурӣ рӯйи даст гирифтанд. Дар ин замина, инкишофи илмҳои дақиқу техникӣ, истифодаи технологияи пешрафта ва  баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷомеа пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат садо медиҳанд ва тараққӣ додани илмҳои дақиқу техникӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани истеҳсолоти ватаниро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи илми тоҷик ва Академияи илмҳо арзёбӣ менамоянд. Бар ин асос, олимони Академияи илмҳо бо пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ минбаъд низ таҳқиқотҳоро дар тамоми самтҳои илмӣ идома дода, саъю талош мекунанд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоти ақлонию зеҳнӣ истифода кунанд.

АМИТ «Ховар»: Дар Рӯзи илм ба аҳли илми кишвар чӣ таманниёт доред?

Фарҳод Раҳимӣ: Рӯзи илми тоҷикро ба аҳли илми кишвар табрик намуда, дар роҳи пурмашаққат, вале пурифтихори илм барояшон қудрати тафаккури илмӣ ва матонати эҷодиро таманно мекунам.

АМИТ «Ховар»: Рӯзи илми тоҷик ба Шумо ҳам муборак бошад.

Фарҳод Раҳимӣ: Ташаккур.

Апрель 15, 2017 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин