Ҳамасола дар ҷаҳон аз дуди тамоку қариб 6 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд
ДУШАНБЕ, 03.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишии «Иқтидор ва имкониятҳои воситаҳои ахбори омма дар мубориза алайҳи тамоку» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, семинари мазкур бо ибтикори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
«Ҳамасола дар ҷаҳон аз дуди тамоку қариб 6 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд, ки ин омор дар маҷмӯъ ба фавт аз Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО/БПНМ), сил ва вараҷа зиёдтар аст. Агар тадбирҳои фаъолона андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 8 миллион зиёдтар гардад»,-зикр гардид дар ҷараёни семинар.
Ҳадафи семинар ба воситаи намояндагони ВАО ба ҷомеа расонидани зарару паёмадҳои тамоку ва роҳу услуби мубориза бар зидди истеъмоли он мебошад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






