Дар Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пайваст намудани қубурҳои обполакҳои сохташудаистодаи зудамали регӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 17 апрели соли 2017 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур дар ҷараёни иҷрои корҳои пайваст намудани қубурҳо интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаҳои А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ ва дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрған, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон №1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, А.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи №1 то №77 аз соати 22:00 рӯзи 17 то соати 22:00 рӯзи 18 апрели соли 2017 қатъ мегардад.
Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






