Дар Вашингтон имкониятҳои сармоягузории ширкатҳои Амрико ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 31 марти соли 2017 Сафорати Тоҷикистон дар ШМА дар ҳамоҳангӣ бо Шӯрои тиҷоратии ШМА-Тоҷикистон ҳамоиши тиҷоратӣ-сармоягузорӣ бо мақсади ҷалби сармоя ва ширкатҳои ШМА ба Тоҷикистон доир намуд.
Дар ҳамоиш намояндаҳои ширкатҳои бузурги амрикоӣ, мисоли «General Electric Company», «Baker & McKenzie», «AGCO Corporation», инчунин намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, ба монанди Котиботи давлатӣ, Вазорати тиҷорат ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат дар кишвар маълумот дод. Ҳамзамон дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими се ҳадафи стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба ширкатҳои америкоӣ муаррифӣ карда шуда, онҳо барои ҳамкорӣ дар ин самтҳои муҳим даъват карда шуданд. Маълумот дода шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуда, фаъолият менамояд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






