Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум
ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор маърӯзаи худро оид ба «Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум» дар Бонки миллии Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Маърӯза аз ҷониби Абдул Носир, роҳбари ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар ҳузури роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарону мутахассисони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон манзур гардид. Муаррифии мазкур асосан ба масъалаи тақвият бахшидани раванди таҳия ва татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи нави монетарии ҳадафгирии таваррум бахшида шуда буд.
Зимни муаррифӣ масъалаи пешбурди сиёсати монетарӣ ва саҳми бонкҳои марказӣ дар рушди он, татбиқи он дар робита бо мақомоти дахлдори давлатӣ, таъсири омилҳои беруна ба сиёсати монетарӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайричашмдошт, татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ҳангоми гузаронидани ислоҳотҳо, нақши муҳими коммуникатсия дар таҳким бахшидани сиёсати монетарӣ баррасӣ гардиданд.
Дар қисмати муҳокима роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, таҳкимёбии фишангҳо, аз ҷумла истифодаи фишангҳои фоизии сиёсати монетарӣ ва фаъолияти бозори байнибонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор аз 4 то 19 апрели соли равон дар доираи кумаки техникӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошта, дар самти пешбурди сиёсати монетарӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони дахлдори Бонки миллӣ ҳамкориро идома медиҳанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






