Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти замонавии тиббӣ соли 2014 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом расонида шуданд. Озмоишгоҳи миллии референсӣ баъди бо таҷҳизоти тиббии муосир пурра таъмин гардидан аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Арзиши умумии бинои озмоишгоҳ 23,8 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ барои корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизонидани иншоот бо технологияи муосири тиббии ширкатҳои олмонӣ 16 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаш Институти лоиҳакашии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «ПИЛҶ САНИИОСП» мебошад.
Вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.
Дар озмоишгоҳ тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод шаванд.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии бино 1610 м2-ро ташкил медиҳад.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо барои таълими кормандон сохта шудаанд.
Дар Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” 60 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шудаанд. Тамоми кормандон аз давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаронида шудаанд.
Зимни суҳбат бо кормандони Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як маркази тиббии муосирро табрик гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи мардум ҳидоят карданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд






