Коргоҳҳои саноатии Гулистон аз оғози сол ба маблағи беш аз 82 млн. доллар маҳсулот содирот намуданд
ХУҶАНД, 17.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Давоми семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби коргоҳҳои истеҳсолии шаҳри Гулистон, ки яке аз шаҳрҳои калони саноатии мамлакат маҳсуб меёбад, ба хориҷи кишвар ба маблағи 82 миллиону 656 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-марти соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳр фаъолияти мунтазам дошта, бо 16 кишвари ҷаҳон муносибати тиҷоратӣ ба роҳ монда, фарқияти содирот аз воридот, ки беш аз 20 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, 4,1 маротиба афзудааст.
Ҳамчунин дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр 71,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, аз ҷумла 68,7 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 2,9 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, корхонаҳои саноатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2017 истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 68 намуди аслӣ ба роҳ монда, ба маблағи 764 миллиону 898,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Аз 29 корхонаи саноатии шаҳр 15-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8% то ба 613,0% расонида, вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 38,2 фоизро ташкил дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






