Машваратҳои Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм
ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва 13 апрел даври навбатии машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат гузаронида мешаванд, доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҷониби Россияро муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Олег Сирамолотов роҳбарӣ карданд.
Дар ҷараёни машваратҳо оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ, падидаи террористон-ҷангиёни хориҷӣ, дастгирии молиявӣ-иқтисодии террористон ва паҳн кардани идеологияи террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ҳамкории ду давлат дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ дар доираи СММ, СҲШ, СААД, ИДМ ва ғайра мубодилаи назар сурат гирифт.
Ба масъалаҳои ҳамкории ду давлат ҷиҳати пешгирӣ кардани таҳдидҳои террористӣ ва дигар чолишҳо, ки аз қаламрави Афғонистон бар меоянд, аҳамияти махсус дода шуд.
Ҷонибҳо бори дигар муҳим будани ташкили ҳамкории босамари сохторҳои марбутаи ду кишварро дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналхалқӣ таъкид намуданд.








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






