Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз

Апрель 24, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар саросари ҷаҳон аз Шайх Саъдии бузург ёд мекунанд. Бинобар тасмими Созмони ЮНЕСКО дар ин рӯз, ки мусодиф бо солрӯзи ин ғазалсарои тавоност, ҳамоишу конфронсҳо доир шуда, ашъори ҷовидонии Саъдиро қироат мекунанд.
Бо ибтикори Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, созмони донишҷӯёни тоҷик «Сомониён» ва Маркази мадании Эрон дар Қирғизистон 21 апрел дар Бишкек ба ин муносибат конфронси илмию амалӣ баргузор шуд. Тавре Қодиршои Мурувват, муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ хабар дод, дар конфронс намояндагони мақомоти расмии ин кишвар, дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, устодону донишмандон ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои мухталифи Бишкек иштирок намуданд.
Суҳроб Олимзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон ҷойгоҳи ин ҷеҳраи тобноки адаби тоҷику форсро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шоиста унвон намуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо гузашти беш аз 700 сол ақидаву назарияҳои гуманистии шайх Саъдӣ аҳамияти худро аз даст надодаанд ва дар Тоҷикистон ба ифтихори ин марди хирад кӯчаву хиёбонҳо ва муассисаҳои омӯзишиву таҳсилӣ номгузорӣ шудаанд.
Дар маҳфил инчунин Алӣ Муҷтабо Рӯзбеҳонӣ, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қирғизистон, Исо Мисбоҳ, Сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Қирғизистон, соҳибназарону пажӯҳишгарони қирғиз роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Шайх Саъдӣ ибрози андеша намуданд. Дар ҷамъомад донишҷӯён ашъори безаволи Шайх Саъдиро ба забонҳои тоҷикӣ-форсӣ, русӣ ва қирғизӣ қироат карданд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз чунин маросимҳо муаррафии афкори пешқадам ва фалсафаи бузургони тоҷику форс миёни ҷомеаи Қирғизистони кунунӣ мебошад. Ошноӣ бо осору рӯзгори бузургони халқамон метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас такони мусбатро ба бор биёварад.

Саъдиё марди накуном намирад ҳаргиз.
Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.

Дар акс: мақбараи Саъдӣ дар шаҳри Шерози Эрон

Апрель 24, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад