Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Япония

Апрель 3, 2017 16:24

ДУШАНБЕ, 03.04.2017. /АМИТ«Ховар»/. 1 апрели соли 2017 бо ташаббуси Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония бахшида ба ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ дар боғи фароғатии «Yukari no Mori»-и шаҳри Тсукубаи Япония маҳфили идона бо иштироки ҳамватанони муқими кишвари иқомат баргузор гардид.
Тавре аз Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония хабар доданд, дар маросим собиқ Сафири Япония дар Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Япония, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, устодони Донишгоҳи Токио ва Тсукуба, шаҳрвандони фаъоли кишвари иқомат-дӯстони Тоҷикистон, инчунин меҳмонҳо аз кишвари ҳамсоя иштирок намуданд.
Меҳмонони ҷашнвораро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хеш эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Арзиш ва аҳамияти таърихии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз — ҷашни хайру эҳсон, накӯкориву инсонгароӣ ва созандагиву ободгарӣ низ қайд карда шуд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин иброз намуд, ки пешниҳоди созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, қатъномаи махсус дар бораи додани мақоми байналмилалӣ ба Наврӯзи Аҷам эълон гардид. Аз ин рӯ, ҳафт сол инҷониб Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз бо анъанаҳои неки худ таҷлил карда мешавад.
Дар доираи маросим хаймаи махсуси анъанаҳои мухталифи наврӯзӣ иборат аз рамзҳои Наврӯз, китобҳо, чакандӯзиву кундал ба тамошо гузошта шуд.
Ҳамзамон дар маросими мазкур дастархони ҳафтсину ҳафтшин ва анвои мухталифи таомҳои миллӣ ороста шуд. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо садои мусиқӣ ва рақсҳои миллии тоҷикӣ аз ҷониби ҳунармандони кишвари иқомат бо таваҷҷуҳи хосса қабул гардид.

Апрель 3, 2017 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд